Пайвандҳои дастрасӣ

Аз соли оянда дар Русия шакли нави ҷазои ҷиноӣ - корҳои иҷборӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Дар ин бора Валерий Максименко, муовини сардори Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия иттилоъ додааст. Максименко гуфтааст, афроде, ки ба ин ҷазо маҳкум мешаванд, дар марказҳои махсус ба таври муқаррарӣ зиндагӣ мекунанд. Аммо дар интихоби кор озод нестанд ва низ наметавонанд, бидуни иҷозати маъмурият марказро тарк кунанд. Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия аз 1 январи соли равон дар пайи ислоҳи кори маҳбаси вилоятҳои Тюмену Тамбов ва минтақаҳои Ставрополу Приморе чаҳор маркази нахустини ислоҳиро таъсис хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG