Пайвандҳои дастрасӣ

Парчами 50-метрӣ дар Кӯлоб


Нишони давлатии Тоҷикистон

Нишони давлатии Тоҷикистон

Дар шаҳри Кӯлоб мили Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр қомат афрохта, майдони Нишони Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Ин маросим субҳи 5 октябр дар маркази шаҳри Кӯлоб бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт, ки бо сафари корӣ дар минтақа қарор дорад.

Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр дар паҳлӯи бинои шаҳрдории Кӯлоб, дар ҷои кинотеатри собиқи “Комсомол” дар қомат барафрохт. Бинои кинготеатри “Комсомол”, ки аз нахустин синамотеатри замони Шӯравӣ буд, моҳе пеш тахриб гардид. Мили парчам аз тарафи ширкати ТАЛКО сохта шуд.

Нишони давлатии Тоҷикистон дар маҳалли Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб, 100 метр дуртар аз мили Парчам ва бинои шаҳрдории Кӯлоб, дар маркази шаҳр бунёд шуд. Мақомот ба хотири сабз нишон додани майдони Нишони давлатӣ атрофи онро бо 100 кило ҷав сабзу хуррам карданд.

Ҳамчунин, қарор аст, раиси ҷумҳур қароргоҳ ё бӯстонсарои президентиро дар канори маркази шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намояд. Ин иншоот аз ҷониби Дирексияи сохтмонии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон сохта шудааст. Сафари Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши барномаи фарҳангӣ ва театрикунонидашуда дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб шоми имрӯз ба поён мерасад. Ширкатдорони ин чорабинӣ акси раиси ҷумҳурро дар ду ҳолат, яке гулу гулзор ва дигаре дар ҳавои боз “ҳаккокӣ” хоҳанд кард. Қабл аз ин, раиси ҷумҳур аз вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур боздид карда буд.

XS
SM
MD
LG