Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи аршади Ал-қоида дар Сурия кушта шуд


Як гурӯҳи тундрави шарики Ал-Қоида дар Сурия гуфт, яке аз раҳбарони созмон дар ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймои бесарнишин дар рӯзи 3-уми октябр кушта шудааст. Вазорати дифои Амрико дар ин рӯз таъйид кард, ки “як раҳбари шинохтаи Ал-Қоида дар Сурия” кушта шудааст, вале номи ин фардро набурд. Ҷабҳаи фатҳи шом, дар гузашта Ҷабҳат ун Нусра ном дошт ва аз шарикони асосии Ал Қоида аст. Гурӯҳи мазкур дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки ҳавопаймои бесарнишин ба мошини Шайх Абу Фараҷ ал-Масрӣ, ки дар шаҳри Идлиби С урия ҳаракат мекард, зарба задааст. Ал-Масриро дар ватанаш Миср барои таъсиси гурӯҳи ифротӣ ба зиндон маҳкум кардаанд ва ӯ сипас ба Афғонистон рафтааст. Фармондеҳи Ҷабҳаи фатҳи Шом моҳи гузашта дар вилояти Ҳалаб дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ кушта шуд. Ал-Масрӣ, ки номи воқеиаш Шайх Аҳмад Салама Мабрук аст, баъди раҳоиаш аз зиндони Миср, дар Афғонистон ба яке аз ҳамроҳони наздики Айман ал Завоҳирӣ, раҳбари Алқоида табдил шуд.

XS
SM
MD
LG