Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мемориал "агенти хориҷӣ" эълон шуд


Вазорати адлияи Русия созмони хайрия ва дифоъ аз ҳуқуқи башари "Мемориал"-ро "агенти хориҷӣ" эътироф кард. Шореҳи аслии барномаҳои ғайритиҷоратии ин созмон дар умури маориф Ирина Шербакова гуфт, Вазорати адлия изҳороти танқидомези "Мемориал"-ро дар робита ба қонуни "агентҳои хориҷӣ, масъулияти мақомот дар баробари куштори Немтсов ва инчунин таҳаввулоти Шарқи Украинаро "фаъолияти сиёсӣ" арзёбӣ кардааст. Созмони "Мемориал" ин қарори Вазорати адлияро ғайриқонунӣ унвон кард ва гуфт, ки аз рӯи он ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" пештар аз ин Маркази ҳимояи ҳуқуқи башари "Мемориал" ва Маркази омӯзишии "Мемориал" ворид шудаанд.

XS
SM
MD
LG