Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арабистони Саудӣ аз солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ, ки аз замони ҳиҷрати пайғамбари ислом оғоз мешавад, даст кашид ва ба ҷойи он солшумории милодиро пазируфт. Вазоратхонаҳо ва созмонҳои давлатии Арабистони Саудӣ, аз рӯзи якшанбеи 2 октябр барои нахустин бор аз замони таъсиси ин кишвар дар 86 соли пеш, истифода аз гоҳшумории милодиро ба ҷои тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ истифода карданд.

Солшумори ҳиҷрӣ-қамарӣ замони хилофати Умар, халифаи дувуми мусалмонҳо пайдо шуд ва он аз рӯзи ҳиҷрати паёмбар дар соли 622 аз Макка ба Мадина ҳисоб мешавад. Солшумории милодӣ, ки ҳоло Арабистони Саудӣ ба он гузашт, аз рӯзи таваллуди паёмбар Исо оғоз шудааст.

Арабистони Саудӣ дар ҳоле аз солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ даст мекашад, ки кишварҳои дигари мусалмонӣ, мисли Эрону Афғонистон ҳанӯз тариқи ин солшуморӣ коргузории худро анҷом медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Саудӣ, ин солшуморӣ бо қарори ҳукумати ин кишвар сурат мегирад. Як масъули баландпояи давлатӣ ба расонаҳо гуфтааст, "бо оғози амал бар пояи тақвими милодӣ, ҳама кормандон ҳарсола ҳудуди ниме аз ҳуқуқи якмоҳаи худро аз даст медиҳанд."

Соли ҳиҷрии қамарӣ 11 рӯз аз соли милодӣ камтар аст. Баъди иҷрои ин қарор, маоши кормандон ҳар 25-уми моҳи милодӣ пардохт мешавад. Пеш аз ин, ҳуқуқи кормандон 25-уми моҳи қамарӣ пардохт мешуд ва тақрибан кормандон дар ин кишвар дар сол 13 бор маош мегирифтанд.

Зоҳиран, Арабистони Саудӣ бо гузаштан ба солшумории милодӣ харҷҳои худро камтар карданист. Ҳафтаи гузашта давлати Арабистони Саудӣ, бархе аз имтиёзи кормандони давлатиро, ки шумори онҳо ба як миллиону 250 ҳазор нафар мерасад, низ кам кард. Инчунин, Саудӣ лағви бархе аз изофаи маошҳо ва ҷоизаҳои пулиро тасвиб намуд. Ҳуқуқи вазирон ва кормандони аъзои маҷлис аз 20 то 15 дар сад коҳиш ёфт.

Ин иқдом ба манзури муқобила бо бӯҳрони иқтисодӣ аст, ки Арабистони Саудӣ бо он рӯ ба рӯ ҳаст. Идомаи коҳиши қимати нафт ва ҳазинаҳои ҷанги низомӣ дар Яман, аз ҷумлаи мавридҳое ҳастанд, ки ба буҷаи Арабистони Саудӣ фишор меоваранд.

Арабистони Саудӣ дар ҳоле аз солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ даст мекашад, ки кишварҳои дигари мусалмонӣ, мисли Эрону Афғонистон ҳанӯз тариқи ин солшуморӣ коргузории худро анҷом медиҳанд.

Дар гузашта дар Тоҷикистон аз ҷониби афроди алоҳида пешниҳоди гузаштан ба солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ шуда буд. То соли 1920 дар ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ аз солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ кор мегирифтанд, аммо пас аз барқарории Шӯравӣ солшумории милодӣ бар асоси тақвими григорианӣ ҷорӣ шуд. Қиёмиддини Ғозӣ, як рӯҳонии тоҷик се соли пеш пешниҳод карда буд, ки Тоҷикистон аз солшумории милодӣ даст кашида, ба ҷои он ба солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ гузарад.

Далели ин рӯҳонӣ он буд, ки аксари сокинони ин кишвар мусалмон ҳастанд ва бояд бар асоси як тақвими мусалмонӣ зиндагӣ кунанд. Ӯ аз ин ки ҳар сол 1 январро ҳамчун оғози соли милодӣ таҷлил мекунанд, интиқод карда буд. Солшумории милодӣ аслан аз рӯи гардиши отфоб аз болои 12 бурҷи осмонӣ ҳисоб мешавад, аммо солшумори ҳиҷрӣ-қамариро аз рӯи гардиши моҳ дар гирди кураи замин мешуморанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG