Пайвандҳои дастрасӣ

Ассанҷ дар бораи интихоботи ИМА мавод пахш мекунад


Бунёдгузори вебсайти WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ гуфт, базудӣ матолиби "муҳим"- ро ифшо хоҳад кард, ки ба маъракаи омодагӣ ба интихоботи президентӣ дар Амрико рабт мегиранд. Ассанҷ дар рӯзи 10-солагии тарҳи WikiLeaks, ки матолиби маҳрамонаи асосан марбут ба сохторҳои давлатии Амрикоро нашр мекунад, бо хабарнигорон сӯҳбат кард. Ӯ дар пайгард қарор дорад ва чаҳор сол боз наметавонад аз бинои сафорати Эквадор дар Лондон берун равад, аз ин рӯ, барои сӯҳбати ӯ бо хабарнигорон аз телеконфронс истифода шуд.

Ассанҷ муҳтавои маводи баъдиро, ки бояд нашр шаванд, ошкор накард. Аммо чанде пеш дар матбуот маълумоте пайдо шуд, ки мегуфт, сухан аз боби маводи бадномкунандаи Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократи Амрико меравад. Аммо Ҷулин Ассанҷ гуфт, ҳадаф надорад, ки ба рақиби ӯ Доналд Трамп кумак кунад.

Қаблан WikiLeaks маводи маҳрамонаеро аз номаҳои кормандони дастгоҳи Ҳизби демократии ИМА нашр кардааст. Хадамоти махсуси Амрико дар шикастани сервери Ҳизби демократ аз рахнагарони интернетии Русия гумонбар шудаанд. Ҳилларӣ Клинтон Русияро ба талоши таъсиргузорӣ дар интихоботи Амрико муттаҳам кардааст. Ассанҷ рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, сомонаи WikiLeaks ба хадамоти махсуси Русия ҳеҷ рабт надорад.

XS
SM
MD
LG