Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскаров хост, додгоҳ баёноташро бо дастгоҳи дуруғсанҷ озмояд


Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон парвандаи Азимҷон Аскаровро бозбинӣ мекунад, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Дар додгоҳ Аскаров дар мавриди бегуноҳиаш бо Қуръон қасам ёд карда ва гуфтааст, ҳозир аст, то назди дастгоҳи дурӯғсанҷ бегуноҳиашро собит кунад.

Вай, инчунин, афзудааст, ки дар ҳодисаҳои ноҳияи Бозор-Қӯрғони Қирғизистон ширкат надоштааст. Аскаров гуфтааст, навори ҳодисаҳои мазкур дар ихтиёри мақомоти қудратӣ аст ва наворҳо далолат мекунанд, ки вай ширкат надоштааст. Аммо кормандони пулис, ки дар додгоҳ ба ҳайси шоҳид иштирок доштанд, гуфтанд, наворҳои мазкурро дар ихтиёр надоранд. Додгоҳ низ нахостааст, то барои санҷидани дурустии суханҳои Аскаров дастгоҳи дурӯғсанҷ биорад.

XS
SM
MD
LG