Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи гуштигирон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон


Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, гуштигири маъруфи Тоҷикистон
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, гуштигири маъруфи Тоҷикистон

Чорумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар рӯзи таваллуди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барпо мегардад, ширкати гуштигирон аз Беларус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Куба, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҷопон ва ғайра дар назар аст.

Дар мусобиқаи гуштигирон барои ҷоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон паҳлавонони маъруфи кишвар ҳам иштирок мекунанд, ки ғолиби дукарата ва барандаи ҷоизаи нуқраи ин мусобиқа Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз ҷумлаи онҳост.

Мусобиқа дар вазни мутлақ, яъне беш аз 81 кило миёни варзишгарони синашон аз 18-сола боло сурат мегирад. Ғолиб ба ҷуз Ҷоми президенти Тоҷикистон, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 7 ҳазор доллари ИМА сарфароз мегардад. Ба гуштигире, ки ҷойи дувумро мегирад, медали нуқра ва 4 ҳазор доллар супурда мешавад. Варзишгароне, ки ҷойҳои севумро соҳиб мешаванд, бо медали биринҷӣ ва 2 ҳазор долларӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, севумин мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон соли гузашта бо ширкати 40 варзишгар аз 13 кишвар дар Майдони тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бар гуштигири Беларус Александр Ваховяк пирӯз шуда, соҳиби Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 7 ҳазор доллари амрикоӣ гардид. Ба Александр Ваховяк медали нуқра ва чор ҳазор доллар супурда шуд.

Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) ва Энди Сантяго Алварес (Куба), ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ду ҳазор долларӣ сарфароз гаштанд.

XS
SM
MD
LG