Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи дувуми даргирии нерӯҳои афғон бо Толибон дар Қундуз


Даргирӣ миёни нерӯҳои Афғонистон ва Толибон дар шаҳри шимолии Қундуз ҷараён дорад. Ҳамлаи Толибон ба Қундуз рӯзи 3 октябр, ҳудудан як сол баъд аз ишғоли кӯтоҳи ин шаҳр, оғоз шуд. Мақомот рӯзи 4 октябр гуфтанд, ки даргириҳо ҳанӯз ҳам дар канораҳои Қундуз ҷараён доранд ва маркази шаҳр аз ҷангиёни Толибон пок карда шудааст. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ гуфтааст, ки афроди мусаллаҳ дар хонаҳои мардум паноҳ бурда пешрафтро оҳиста ва душвор кардаанд.

Раиси пулиси Қундуз Муҳаммад Қосим Ҷангалбоғ гуфт, дар ин даргириҳо "садҳо" ҷангӣ ва се узви нерӯҳои амнияти ҳукумат кушта шуданд. Тасдиқи иттилоъ дар бораи хисороти ҷонӣ имконпазир нест. Ҳамлаи Толибон дар остонаи конфронси донорҳо дар Брюссел оғоз шуд, ки қарор аст дар он шарикони байналмилалии Афғонистон масъулаи кумак ба ин кишварро матраҳ кунанд.

XS
SM
MD
LG