Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА табодули маълумотро бо Маскав дар бораи Сурия қатъ кард


Амрико эълон кард, ки табодули маълумотро бо Русия дар бораи буҳрони Сурия қатъ кард. Хабаргузории Associated Рress бо истинод ба Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида навиштааст, ин қарор баъди ҳушдори ахири Ҷон Керри гирифта шудааст.

Департаменти давлатии Амрико гуфтааст, агар нерӯҳои ҳавоии президент Башор Асад ва Русия бомбаборон кардани Ҳалабро идома диҳанд, эҳтимол ҳамкориҳо дар бораи Сурия низ қатъ шаванд. Инчунин, зикр шудааст, ҷониби Русия шартҳои созишномаеро, ки моҳи сентябри соли равон барои мусоидат ба қатъи даргириҳо дар Сурия ва таъмини интиқоли устувори кумаки башардӯстона ба Ҳалаби муҳосирашуда имзо карда буд, иҷро накард.

Амрико намояндагонашро, ки барои ташкили маркази ҳамоҳангсозии амалиёт дар Сурия бо Русия сафарбар карда буд, боз хондааст. Тавре Associated Рress менависад, ин иқдом ба иртиботи миёни ду кишвар дар бораи мубориза зидди террористон дар Сурия осеб нахоҳад расонд.

XS
SM
MD
LG