Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистонро зиндонӣ карданд


Саидқозӣ Матаев
Саидқозӣ Матаев

Саидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон, шаш сол ва писараш Асет Матаев, роҳбари хабаргузории ҚазТаг, панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ҳукми падару писар рӯзи 3 октябр дар додгоҳи ноҳиявии шаҳри Остона эълон гардид. Мақомот Матаевҳоро дар дуздии пули буҷа айбор карданд. Додгоҳ ҳукм кард, ки амволи онҳо мусодира шуда, падару писар якумрӣ аз ишғоли мансабҳои роҳбарӣ маҳрум шаванд.

Иштирокдорони мурофиа ҳангоми эълони ҳукм дар додгоҳ нидоҳои "Шармандагӣ! Шармандагӣ!" сар доданд. "Дар мавриди ману писарам ғамгин набошед. Мо худро бегуноҳ медонистем ва ҳоло ҳам медонем. Ман ҳамеша мегуфтам, ки дигарандешӣ бояд дар Қазоқистон мавҷуд бошад. Дигарандешон набошанд - демократия ҳам нест", - гуфтааст Матаев.

Саидқозӣ Матаев ва писараш Асет моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG