Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми Бозиҳои V соҳилии Осиё дар Ветнам 


Tajik delegation in Vietnam

Tajik delegation in Vietnam

Бозиҳои V соҳилии Осиё дар шаҳри Дананги Ветнам ба анҷом расиданд. Маросими пӯшидашавии Бозиҳои V соҳилии Осиё дар шаҳри Дананги Ветнам рӯзи душанбеи 3-юми октябр баргузор шуд.

Дар ин бозиҳо беш аз чор ҳазор варзишгар аз 43 кишвари қора аз рӯи 23 намуди варзиш рақобат карданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ветнам бо касби 139 медал (52-тилло, 44-нуқра ва 43-биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Тайланд бо касби 90 медал (36-24-30) дар ҷойи дувум ва Чин бо касби 49 медал (12-18-19) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои V соҳилии Осиётанҳо ду варзишгар – Нурсултон Бозоров ва Абдуғафур Абдуллоев - дар риштаи ҷиу-ҷитсу намояндагӣ карданд.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Эрон (9-6-6), Муғулистон (7-4-8), Камбоҷа (6-6-9), Қатар (5-1-1), Урдун (4-4-5), Имороти Муттаҳидаи Араб (4-2-3) ва Малайзия (3-6-5) дохил шуданд. Умуман, варзишгарони 35 кишвари қора медалҳои Бозиҳои V соҳилии Осиёро ба даст овардаанд. Намояндагони 27 кишвар барандагони медалҳои тиллои ин бозиҳо гардидаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мунтахаби Қазоқистон 12 медал (3 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ – ҷойи 12-ум), Узбакистон 7 медал (3 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ – ҷойи 15-ум), Туркманистон 15 медал (2 тилло, 4 нуқра, 9 биринҷӣ - ҷойи 19-ум) ва Қирғизистон 5 медал (1 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ - ҷойи 27-ум) ба даст оварданд.

Ба ҳайати мунтахаби Қазоқистон дар Бозиҳои V соҳилии Осиё 32 варзишгар шомил буд, ки дар 6 намуди варзиш (тӯббозӣ дар об, шиноварӣ дар оби кушода, волейболи соҳилӣ, ҷиу-ҷитсу, самбо ва муайтай) рақобат карданд.

Ҳайати Узбакистон аз 26 варзишгар иборат буд, ки дар чунин намудҳо, монанди футболи соҳилӣ, кураш, муай-тай (бокси тайландӣ) ва самбо ширкат варзиданд. Ҳайати Туркманистон 53 нафар варзишгарро ташкил медод, ки дар байни онҳо намояндагони чунин намудҳо, ба мисли ҷиу-ҷитсу, бокси тайландӣ, гуштии кураш, самбо ва ду дастаи баскетбол (3х3) - мардона ва занона – буданд. Дастаи мунтахаби Қирғизистон бо шумули 11 варзишгар дар чор намуд - гуштии соҳилӣ, самбо, ҷиу-ҷитсу ва муай-тай (бокси тайландӣ) – иштирок кард.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои V соҳилии Осиётанҳо ду варзишгар – Нурсултон Бозоров ва Абдуғафур Абдуллоев - дар риштаи ҷиу-ҷитсу намояндагӣ карданд, вале ҳарду аз медалҳои бозиҳо бенасиб монданд.
Абдуғафур Абдуллоев дар вазни то 85 кило дар нахустин рақобаташ бар Дортгулӣ Ҷумъаев (Туркманистон) ғолиб шуд. Баъдан Тунг Ҳоанг Манро аз Ветнам шикаст дод. Варзишгари тоҷик дар даври чорякниҳоӣ Ҳайдар Ал-Рашидро аз Урдун мағлуб кард. Вале Абдуғафур дар қувваозмоӣ барои медалҳо аз Сукнати Сунтра (Тайланд) ноком шуд.

Нурсултон Бозоров дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 62 кило аз Гиан Тейлор Ди (Филиппин) шикаст хӯрд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки моҳи ноябри соли 2014-ум дар ҷазираи Фукети Тайланд баргузор шуд, се медал ба даст оварданд. Дар мусобиқаи гуштии кураш Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 90 кило бо медали тилло ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 90 кило бо медали биринҷӣ, инчунин Ҷомӣ Латифов дар риштаи муай-тай дар вазни то 75 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.

XS
SM
MD
LG