Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозорҳои Кӯлоб ду рӯз кор намекунанд"


Дар пайи сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Кӯлоб дари бозорҳои ин минтақаро бастаанд. Дар ин бора чанде аз тоҷирони бозорҳои Кӯлоб ба Радиои Озодӣ хабар дода ва гуфтанд, ки онҳоро "ду рӯз ба истироҳат фиристодаанд". Манучеҳр, як тоҷири бозори "Саховат"- и шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, на танҳо бозори бузургтарини Кӯлоб - "Саховат", балки дигар бозорҳои шаҳр низ дари худро ба рӯи муштариёнашон бастаанд.

Ба қавли Манучеҳр, раҳбарияти бозорҳо ба онҳо гуфтаанд, то анҷоми сафари президент дари бозорҳо баста хоҳад буд. "Дирӯз дар беруни бозор савдо кардан намонданд ва даруни бозор фаъолият дошт. Аз қисмати бегоҳ ба ҳама эълон карданд, ки бозор ду рӯз кор намекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 4 октябр вориди шаҳри Кӯлоб шуд. Тибқи барномаи сафар, раиси ҷумҳур як қатор иншоот, аз ҷумла мили Парчам ва Нишони давлатӣ ва бустонсарои президентиро дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор хоҳад дод. Ҳамчунин раиси ҷумҳур дар маросими мавриди баҳрабардорӣ аз бинои Донишкадаи технологӣ ва меҳмонхонаи нӯҳтабақа низ ширкат мекунад. Сафари раиси ҷумҳур ба минтақаи Кӯлоб бо дидору гуфтугуи вай бо фаъолони минтақа ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG