Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дабири Шӯрои амнияти Русия ба Тоҷикистон омад


Николай Патрушев

Николай Патрушев

Николай Патрушев ва Абдураҳим Қаҳҳоров, дабирони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон, дар Душанбе мавзӯи муборизаи муштарак алайҳи тероризм ва ифротгароиро баррасӣ мекунанд. Масъулони Шӯрои амнияти Тоҷикистон 4 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "Николай Патрушев дишаб вориди Душанбе шудааст".

Ин дувумин дидори дабирони шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон дар се моҳи ахир аст. Ҷонибҳо моҳи июни соли ҷорӣ дар Маскав дидор карда, дар канори хатару таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон, ҳамкориҳои низомӣ, мавзӯи ширкати шаҳрвандони ин минтақа дар тарафи созмонҳои байналмилалии терористиро ба баҳс кашиданд. Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ дар зарфи 1,5 соли ахир 75 шаҳрванди тоҷик аз ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ибрози пушаймонӣ карда ва довталабона ба Тоҷикистон бозгаштаанд.

Мақомот мегӯянд, ки беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафтаанд ва то кунун хабари марги зиёда аз 300 нафари онҳо расидааст. Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, Николай Патрушев, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ намояд.

XS
SM
MD
LG