Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Эстония барои нахустин бор як хонумро ба мақоми президенти ин кишвар интихоб кард. Керсти Калйюланди 46-сола, узви собиқи додгоҳи аудитории Аврупо, бо 81 раъйи мувофиқи аъзои порлумон ба мақоми президентӣ баргузида шуд. Порлумони Эстония аз 101 узв иборат аст. Калйюланд дар ин мақом Томас Ҳендрик Илвез, як таҳсилкардаи Амрикоро иваз мекунад, ки тарафдори ҳузури афзояндаи нерӯҳои НАТО дар минтақаи Балтика ва ҳифзи таҳримҳо нисбат ба Русия дар робита бо низоъҳои Украина мебошад. Дар Эстония нақши президент бештар рамзӣ аст.

XS
SM
MD
LG