Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Новая Газета" аз талоши сӯиқасд ба ҷони Рамазон Қодиров хабар ёфт


Биноба гузориши нашрияи "Новая Газета", чопи Маскав баҳори соли 2016 як талоши сӯиқасд ба ҷони раҳбари Чеченистон Рамазон Қодир анҷом шудааст. Нашрия дар ин бора бо такя ба манбаи худ дар минтақа хабар додааст.

Ба маълумоти "Новая Газета", барномарезони сӯиқасд гӯё ҷавонони қабилаи Беной буданд ва дар манзили Қодиров дар деҳкадаи Беной дастгоҳи инфиҷор гузоштанд. Рамазон Қодиров низ намояндаи ҳамин қабила аст. Нашрия дар бораи боздошти даҳҳо ҷавон бо гумони омодагӣ ба сӯиқасд авоили тобистон маълумот гирифт. Ҳангоми кофтуков гӯё аз ин нафарон теъдоди зиёди силоҳ мусодира шудааст. Нашрия мегӯяд, ки барномаи сӯиқасд ба ҷони Қодиров тасодуфан ошкор шудааст.

Талоши сӯиқасд ба ҷони Рамазон Қодиров якчанд дафъа ҷой дошт. Соли 2010 зодгоҳи раҳбари Чеченистон - Сенторой мавриди ҳамла қарор гирифт. Сухангӯи Рамазон Қодиров рӯзи 3 октябр гуфт, ки "ҳеҷ гуна талоши сӯиқасд ҷой надошт ва раҳбари Чеченистон дар Беной набуд."

XS
SM
MD
LG