Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси журналисти украинӣ дар Русия


Роман Сушенко
Роман Сушенко

Дар Русия як хабарнигори украинӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуд. ФСБ – Хадамоти амнияти федеролӣ рӯзи 3 октябр гуфт, ки Роман Сушенко рӯзи 30 сентябр дар Маскав боздошт шуд. ФСБ иддао кард, ки Сушенко як полковники хадамоти иктишофии Украина буда дар бораи нирӯҳои мусаллаҳ ва горди миллии Русия маълумот ҷамъ мекард. Дар ҳамин ҳол, додгоҳи ноҳиявии Лефортово дар Маскав ҳукм кард, ки давоми ду моҳи баъдӣ Сушенко дар боздошт мемонад. Оҷонсии хабарии “Укринформ” гуфтааст, ки хабарнигораш дар Маскав дар рухсатӣ буд. Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки иттиҳомоти зидди хабарнигораш, ки аз Париж истода барои онҳо кор мекард, “як амали даҳшатнок ва иқдоми дигари ғайриқонунӣ аст, ки дар нисбати шаҳрвандони Украина раво дида мешавад”. Марк Фейгин, вакили дифои Сушенко гуфт, ки зерҳимояи ӯ аслан ба ҳеҷ як хадамоти иктишофӣ рабте надорад.

XS
SM
MD
LG