Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйпурсии Маҷористон баргузорнашуда эътироф шуд


Виктор Орбан

Виктор Орбан

Бо сабаби ҳузури нокофии раъйдиҳандагон дар референдуми Маҷористон (Венгрия), ки дар он танҳо 43 дар сади аҳолии қобили раъй иштирок кард, ин маърака баргузорнашуда эътироф шуд. Барои баргузории референдум ширкати ҳадди аққал 50 % раъйдиҳандагон тақозо мешавад. Саволи аслӣ – ширкати Маҷористон дар барномаи ҳатмии тақсими муҳоҷирон дар ҳудуди Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Бо вуҷуди ҳузури нокофии раъйдиҳандагон ва ҳам дар 98 % варақаҳо рад шудани квотаҳо барои муҳоҷирон, Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон ин натиҷаҳоро “як пирӯзӣ” хонд. Вай гуфт: “Мо ба натиҷаи олӣ даст ёфтем”. Вай баъд аз зӯҳри рщзи 2 октябр дар робита ба реферундум ба ҷонибдоронаш дар Будапешт гуфт:

"Мо натиҷаи олӣ ба даст овардем, ин натиҷа беҳтар аз онест, ки мо дар назарсанҷии ҳамроҳ шудан ба Иттиҳодияи Аврупо дастрас карда будем”.

Орбан, ки як сиёсатмадори ростгаро ва популист аст, аслан ба баргузорношуда будани раъйпурсӣ ишора ҳам накард. Ҳукумати амалкунандаи Маҷористон ба барномаи қабули муҳоҷирон аз кишварҳои ҷангзада дар Аврупо аз оғоз мухолифат кардааст.

Сухангӯи Камиссиюни Аврупо Маргаритис Шинас дар вокуниш ба реферундуми Маҷористон дар нишасти хабарии Брюссел гуфт:

"Агар ин реферундум асоси қонунӣ дошта бошад, вокуниши мо ин хоҳад буд, ки мо инро ба назар мегирем. Азбаски он аз тарафи Камиссиюни интихоботии Маҷористон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баргузонашуда эълон гардид, мо инро ҳам ба назар мегирем. Мо интихоби мардуми Маҷористонро - ҳам онҳоеро, ки райъ доданд ва ҳам онҳоеро, ки райъ надоданд, эҳтиром мекунем".

XS
SM
MD
LG