Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар шаҳри Самарқанди Узбакистон ҳафт медал – 3 нуқра ва 4 биринҷӣ - ба даст оварданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нодир Сафаров, дабири кулли Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, ки ҳамзамон сармураббии дастаи мунтахаби қаиқронони кишвар мебошад, рӯзи 3-юми октябр хабар дод. Вай афзуд, “Ҷоми бози Осиё дар шаҳри Самарқанд аз 28-уми сентябр то 1-уми октябр баргузор шуд. Дар ин мусобиқа ба ҷуз варзишгарони 13 кишвари Осиё, инчунин қаиқронони Русия ва Гурҷистон ширкат доштанд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Федератсияи қаиқронии ҷумҳурӣ Файзулло Шарифов 19 варзишгар ва 2 мураббӣ дохил буданд”.

Ба иттилои оқои Сафаров варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Ҷоми Осиё се медал ба даст овард. Вай дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр медали нуқра ва дар каноэи яккаса ба масофаи 500 метр медали биринҷӣ гирифт. Инчунин Шаҳриёр дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр ҳамроҳи Диловар Расулов бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Медали дувуми нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Абдусаттор Ғаффоров дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр овард. Дар сабқати наврасон дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр Умар Рустамов ва Давронхӯҷа Аҳмадов бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоҳирҷон Набиев, Абдусаттор Ғаффоров ва Абдумаҷид Абдураҳимов дар байдаркаи чоркаса ба масофаҳои 500 ва 1000 метр бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

“Ин охирин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола барои қаиқронони тоҷик ба шумор мерафт. Мо аз натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгарони худ дар соли 2016-ум қаноатмандем”, - иброз дошт Нодир Сафаров.

XS
SM
MD
LG