Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи минтақавии низомии Маскав рӯзи 3 октябр баррасии парвандаи қатли Борис Немтсов, мухолифи ҳукумати Русияро оғоз хоҳад кард. Айбдор будани гумонбаронро ҳайати мунсифа муайян мекунад. Ин ҳайат бо дархости худи айбдоршавандаҳо, ки ҳамаи панҷ нафарашон мегӯянд, дар куштори сиёсатмадор даст надоранд, ташкил шудааст.

Зидди Заур Дадаев, бародарон Анзор ва Шадид Губашевҳо, Ҳамзат Бахаев ва Темирлан Эскерханов бо моддаҳои куштори фармоишӣ, узвият дар гуруҳи муташаккили ҷиноӣ, ба даст овардан, интиқол ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ парванда боз шудааст. Ин айбнома дар зеҳни ҷониби даъвогарон саволҳои зиёдеро халқ кардааст. Зеро муфаттишон рабт доштани қатли Немтсовро ба фаъолиятҳои сиёсию ҷамъиятияш рад мекунанд.

Миёни айбдоршавандаҳо гумонбарони фармоиш ва ташкили куштор ҳузур надоранд. Ин ба Жанна Немтсова, духтари сиёсатмадори мухолифи кушташудаи рус ҳақ медиҳад, ки тафтишотро ноком хонад.

XS
SM
MD
LG