Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон Беларусро ба кашолкорӣ айбдор кард


Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон мақомоти Беларусро барои кашолкорӣ дар сохтмони комбинати куҳии тозакунии маъдани Гарлик айбдор кард. Бино ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, зимни мулоқоти ҳайатҳои ду ҷониб бо раҳбарии сарвазир Анатолий Калинин далелҳои мушаххас дар бораи тӯлонӣ шудани корҳои сохтмонии иншооти алоҳида, ки бахши муҳими инфрасохтори комбинат шумурда мешаванд, пешниҳод шудааст.

"Ба ҷуз ин, ба муроҷиати пай дар пайи ҳукумати Туркманистон нигоҳ накарда, ҷониби Беларус то ҳол дар бораи замони интиқоли таҷҳизоти боқӣ ба маблағи чанд миллион доллар ва лоиҳаҳои мушаххасоти минбаъда маълумот ироа накардааст", - омадааст дар изҳорот. Инчунин, пардохт нашудани маоши шаҳрвандони Туркманистон, ки аз сӯи Белгорхимпром барои кор дар сохтмони комбинат ҷалб шудаанд, Ишқободро нигарон кардааст. Туркманистон таъкид кардааст, ки ҳукумати Беларус барои сари вақт ба поён расондани сохтмони комбинати Гарлик бояд тадбирҳои таъхирнопазир биандешад.

Созишномаи бунёди комбинати куҳии тозакунии маъдани Гарлик соли 2009 имзо шуда буд. Маблағи сохтмони ин комбинат бо иқтидори истеҳсоли 1,4 миллион тонна поруҳои калийдор дар сол як миллиард долларро ташкил дода, он бояд то соли 2015 ба истифода дода мешуд. Вале ҳоло анҷоми сохтмони онро дар соли 2017 ба нақша гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG