Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон сафарашро ба минтақаи Кӯлоб аз Мӯъминобод сар кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 3 октябр боздидҳояшро аз навоҳии минтақаи Кӯлоб оғоз кард. Хадамоти матбуоти президент гуфт, ки оқои Раҳмон аввал ба ноҳияи Муъминобод рафта, дар ҷараёни ин сафар чанде аз иншооти муҳимро ба истифода хоҳад дод. Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба минтақаи Кӯлоб то 5 октябр идома мекунад. Вай аз ноҳияи Мӯъминобод ба Восеъ ва баъдан ба шаҳри Кӯлоб мерасад. Тибқи барнома дар шаҳри Кӯлоб, Эмомалӣ Раҳмон парчаму нишон ва қароргоҳ ё бустонсарони раиси ҷумҳурро ба истифода медиҳад. Қабл аз ин, Эмомалӣ Раҳмон аз минтақаи Рашт боздид карда, бо сокинону фаъолон суҳбат дошт ва онҳоро барои ҳифзи субот ва пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ даъват кард.

XS
SM
MD
LG