Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ ва Лавров вазъи Ҳалабро муҳокима карданд


Ҷон Керрӣ, котиби давлатии Амрико ва Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, шоми 1 октябр дар сӯҳбати телефонӣ қадамҳои баъдӣ дар мавриди оташбаси Сурияро баҳс кардаанд. Ҷузъиёти ин гуфтугӯ ошкор нашудааст.

Рӯзи шанбе ҳомиёни ҳуқуқи Сурия хабар доданд, ки нерӯҳои ҳукумати Башор Асад бо кумаки Русия зимни ҳамла ба Ҳалаб як беморхонаро хароб кардаанд. Тибқи иттилои СММ дар пайи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири ҳукумати Сурия бо ёрии Русия ҳудуди 400 нафар кушта шудаанд.

Музокироти Русия ва Амрико барои сулҳ дар Сурия пас аз ҳамла болои мошинҳои кумаки башарӣ дар чанд рӯзи қабл қатъ шуд. Амрико дар ин ҳодиса Русияро гунаҳкор донист. Пас аз ин, нерӯҳои таҳти фармони Башор Асад ба мавқеи мухолифин дар Ҳалаб ҳамларо оғоз карданд. Ҳоло Ҳалаб шоҳиди хунинтарин даргириҳост. Коршиносон мегӯянд, Ҳалаб нооромтар аз Раққа, пойтахти гурӯҳи худхонади “Давлати исломӣ” аст.

XS
SM
MD
LG