Пайвандҳои дастрасӣ

Киҳо дар суқути ҳавопаймои Малайзия даст доранд?


Ҷулия Бишоп, вазири корҳои хориҷии Австралия, гуфтааст, ки рӯйхати гумонбарони ҳамла ба ҳавопаймои мусофирбари Малайзия дар фазои Донбасс то соли 2017 тасдиқ хоҳад шуд. Нисбат ба суқути ҳавопаймо эҳтимол мурофиаи байналмилалии додгоҳӣ низ баргузор шавад. Дар пайи суқути ҳавопаймои мусофирабри Малайзия дар ду соли пеш 298 нафар ба ҳалокат расиданд.

Австралия аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар таҳқиқи ин қазия шомил ҳастанд. Ҳамзамон, ба ин комиссия коршиносон аз Белгия, Малайзия ва Украина ҳамроҳанд. Раҳбарии гурӯҳи тафтишотиро Ҳолланд бар ӯҳда дорад.

Ду соли пеш ҳавопаймои мусофирбари Малайзия дар фазои Украина, ки таҳти назароти ҷудоиталабони ҷонибдори Русия ҳаст, тариқи мушакандози русии “Бук” сарнагун шуд. Ҳафтаи гузашта гуруҳи муҳаққиқони байналмилалӣ гуфтанд, ки ин мушакандоз баъди задани ҳавопаймо дубора ба Русия бурда шудааст. Дар сарнагун кардани ин ҳавопаймо наздик ба сад нафар гумонбар дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG