Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари католикҳои ҷаҳон ба Озарбойҷон расид


Поп Франсис дар фурудгоҳи Боку
Поп Франсис дар фурудгоҳи Боку

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, рӯзи якшанбе дар охирин марҳилаи сафараш ба кишварҳои ҳавзаи Қафқоз вориди Боку – пойтахти Озарбойҷон – шуд. Истиқбол аз Поп дар фурудгоҳи Боку ба таври нимарасмӣ сурат гирифт. Қарор аст, баъди иҷрои ниёш дар маркази Боку раҳбари католикҳои ҷаҳон бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ҳам дидор кунад. Аҳолии Озарбойҷон асосан мусалмонҳои пайрави шиа буда, ба иттилои Ватикан, 570 ҳазор нафар дар ин кишвар масеҳиёни католиканд. Раҳбари католикҳои ҷаҳон қабл аз сафар ба Озарбойҷон ду рӯз дар Гурҷистон буд.

XS
SM
MD
LG