Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамапурсӣ барои қабули муҳоҷирон дар Маҷористон


Субҳи 2 октябр дар Маҷористон ҳамапурсӣ барои қабули паноҳандагон оғоз шуд. Шаҳрвандони ин кишвар то соати 7-и шаб бар асоси раъйдиҳӣ бояд муқаррар кунанд, ки кишварашон дар доираи квотаи Иттиҳоди Аврупо паноҳандагон аз кишварҳои африқоӣ ва Ховари Миёнаро бипазирад, ё на. Тибқи иттилои хабаргузории Блумберг, аксари шаҳрвандони ин кишвар ба квотаи пазириши паноҳандагон бархӯрди манфӣ доранд. Ҳамапурсӣ хислати машваратӣ дорад ва он ӯҳдадориҳои Маҷористонро барои қабули паноҳандагон дигар намекунад. Маҷористон ҳоло бояд 1300 паноҳандаро бипазирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG