Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои ҷузъиёти суҳбати Керрӣ бо мухолифони Асад


Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфтааст, ки ба ширкати Башор Асад дар интихоботи президентии ин кишвар ба шарти зери назари Иёлоти Муттаҳида ва Созмони Милал рафтор кардан иҷоза хоҳанд дод. Дар ин бора нашрияи The New York Times хабар додааст. Рӯзнома гуфтааст, дар ин бора сабти садоеро дастрас кард, ки ҷузъиёти суҳбати 22 сентябри Ҷон Керрӣ бо мухолифони ҳукумати Сурияро дар ҳошияи ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии СММ ифшо мекунад.

Дар ҷараёни сӯҳбат Ҷон Керрӣ ба гурӯҳи мухолифин гуфтааст, дар интихобот ҳамроҳ бо президенти кунунии Сурия ширкат кунанд ва ба ҳукумати нав шомил шаванд. Дар ин интихобот ҳамаи суриягиҳо метавонанд раъй бидиҳанд, ҳатто онҳое, ки паноҳанда ҳастанд. Котиби давлатии Амрико дар ин сӯҳбат гуфтааст, ӯ маъмурияти президенти кишварашро барои истифодаи дипломатия ба ҷойи нерӯи низомӣ дар Сурия розӣ карда натавонистааст.

Ба қавли Керрӣ, дахолати мустақим ба ҷанг оқибатҳои харобиовар дар пай дошта метавонад. Ҳамзамон ӯ гуфтааст, Амрико омодаи кумак ба мухолифон барои мубориза бо гурӯҳҳои тундрав аст, аммо муноқишаи мухолифин бо гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро ҷонибдорӣ намекунад. Мақомоти Департаменти давлатии Амрико аз шарҳи сӯҳбати аудиоии Ҷон Керрӣ бо мухолифони Сурия худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG