Пайвандҳои дастрасӣ

Замони амалиёти Туркия дар Ироқу Сурия тамдид шуд


Порлумони Туркия рӯзи шанбе муддати амалиёти низомии нерӯҳои ин кишвар дар Ироқу Сурияро як сол дароз кард. Нерӯҳои Туркия аз охири моҳи август амалиёти густурдаеро алайҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва шибҳанизомиёни курд дар хоки Сурия ва Ироқ оғоз карданд. Давлати Ироқ пештар нисбат ба ҳузури низомии дарозмуддати артиши Туркия дар Ироқ ибрози нигаронӣ карда буд. Тарҳи тамдиди ҳузури низомии нерӯҳои Туркия дар Ироқу Сурия бо пуштибонии ҳизби ҳоким ва аҳзоби мухолиф дар порлумони он кишвар ба тасвиб расидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG