Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Булғористон тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки ба занони мусалмони ин кишвар иҷоза намедиҳад, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан идораҳои давлатӣ, мактаб ва истироҳатгоҳҳо аз бурқа истифода кунанд. Бурқа порчаи матоест, ки занони мусалмонро аз сар то пой мепӯшонад ва дар баробари рӯйи онҳо пардае нафис ё тӯр дорад, ки ниқоб номида мешавад. Пештар аз ин, Фаронса ва Белгия – ду кишвари аврупоӣ – манъи ҳиҷоби исломии занонро қабул карда буданд.

Намояндаи идораи муфтиёти Булғористон аз ин қонун интиқод кард ва гуфт, манъи бурқа метавонад ба муносибати то ин дам хуби мусулмонҳо ва масеҳиён зарба занад.

Дар сурати сарпечӣ аз иҷрои қонуни нав дар Булғористон, ки рӯзи 30 сентябр тасвиб шудааст, барои дафъаи аввал ба ҳисоби 100 евро ва барои дафъаи дувум 750 евро ё тақрибан 800 доллар ҷарима таъин шудааст. Тарафдорони қабули ин қонун гуфтанд, ки тасмими манъи бурқа ба дину диндорӣ ҳеҷ рабт надорад ва танҳо барои таъмини амният дар ин кишвар гирифта шудааст.

Мусалмонҳои Булғористон низ дар бораи тасвиби қонуни зидди ниқобу бурқа назари яксон надоранд. Яке аз мусалмонҳои тарафдори манъи бурқа гуфт, "ба фикри ман, ин тасмими дуруст буд. Чунки дар ягон ҷойи Қуръон дар ин бора чизе гуфта нашудааст." Вале намояндаи идораи муфтиёти Булғористон аз ин қонун интиқод кард ва гуфт, манъи бурқа метавонад ба муносибати то ин дам хуби мусулмонҳо ва масеҳиён зарба занад.

Мусалмонони Булғористон, ки асосан туркҳоянд, ҳудуди 13 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд. Занони мусалмон дар Булғористон асосан бо рӯймол ё гарданбанд (шарф) мӯйҳои худро пинҳон мекунанд. Аммо солҳои охир мушоҳида мешавад, ки гурӯҳе аз занон барои пӯшондани сару рӯйи худ аз ниқобу бурқа истифода менамоянд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Нахустин шуда порлумони Белгия зуҳури занони бурқапӯшро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард ва ба дунбол Фаронса чунин қонунро тасвиб намуд. Чанд вакили порлумони Аврупо дар гузашта пешниҳод карда буданд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар ҳамаи қаламрави Иттиҳоди Аврупо манъ гардад.

Тоҷикистон қонуни махсусеро дар бораи пӯшиши исломӣ тасвиб накардааст, вале пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ дар идораҳои давлатӣ ва донишгоҳҳо манъ буда, мақомот тайи ду соли охир фурӯши либоси мазҳабиро дар бозорҳои кишвар низ маҳдуд кардаанд.

Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар дидори соли гузаштааш бо занони фаъол дар Душанбе ба тарғиби либосҳои миллии тоҷикӣ таъкид ва аз афзоиши майли бонувон ба либосҳои ғайр нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, "халқи мо... ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ агарчӣ аз пӯшишҳое ба мисли ҳиҷобу ниқоб ном набурд, аммо гуфт, агар бархе ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо кардаанд, "баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд".

Аммо бархе аз сокинони мусулмони Тоҷикистон чунин бархӯрд бо пӯшишҳои мазҳабиро як навъ маҳдудияти ҳаққи худ мешуморанд ва мегӯянд, агар ҳадаф мубориза бо либосҳои ғайр ва ривоҷ додани пӯшишҳои миллист, чаро дар баробари ҳиҷобу рӯсарӣ аз либосҳои нимаурёни аврупоӣ ё "мини-юбка" ҳарфе гуфта намешавад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG