Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал кӣ тир кушод? Баҳси нави Ҳиндустону Покистон


Ҳиндустону Покистон якдигарро ба нақзи оташбас дар қаламрави Ҳимолой, воқеъ дар минтақаи баҳсии Кашмир, муттаҳам карданд. Покистон рӯзи 1 октябр дар як баёния аз тирандозии нерӯҳои Ҳиндустон дар хатти назорати миёни ду кишвар хабар доданд. Вале як сухангӯи Вазорати дифои Ҳиндустон гуфт, нерӯҳои ин кишвар дар посух ба тирандозии ҷониби Покистон оташ кушодаанд. Танишҳо миёни Ҳиндустону Покистон ахиран замоне авҷ гирифт, ки Деҳлӣ шибҳанизомиёни мустақар дар Кашмири таҳти идораи Покистонро ба ҳамла болои як пойгоҳи нерӯҳои Ҳиндустон муттаҳам кард. Ин ҳамла, ки дар аввалҳои моҳи сентябри имсол рух дод, сабаби марги 18 сарбози Ҳинд шуд. Ҳиндустону Покистон баъди эълони истиқлол аз Бритониё дар соли 1947 бар асари минтақаи Кашмир баҳс доранд.

XS
SM
MD
LG