Пайвандҳои дастрасӣ

Булғористон пӯшондани сару рӯйи занонро манъ кард


Порлумони Булғористон тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он комилан пӯшондани сару рӯйи занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шудааст. Пештар аз ин, Фаронса ва Белгия – ду кишвари аврупоӣ – манъи ҳиҷоби исломии занонро қабул карда буданд. Дар сурати сарпечӣ аз иҷрои қонуни нав, ки 30 сентябр тасвиб шуд, барои бори аввал ба маблағи 100 евро ва барои дафъаи дувум 750 евро ё тақрибан 800 доллар ҷарима таъин шудааст. Мусалмонони Булғористон, ки асосан туркҳоянд, 13 дарсдаи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд. Занони мусалмон дар Булғористон асосан бо рӯймол ё гарданбанд (шарф) мӯйҳои худро пинҳон мекунанд. Вале солҳои охир мушоҳида мешавад, ки бархе аз занон барои пӯшондани сару рӯи худ аз ниқоб ё бурқа истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG