Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Меркел бомбаборони "ваҳшиёна"-и Ҳалабро маҳкум карданд


ИМА ва Олмон бомбаборони "ваҳшиёна"-и шаҳри Ҳалаби Сурияро маҳкум карданд. Нерӯҳои ҳавоии Сурия ва Русия ин шаҳрро бомбаборон ва сокинони осоиштаро мекушанд. Президенти ИМА Барак Обама ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи панҷшанбе суҳбати телефонӣ доштаанд.

Ҳукумати Сурия ва шарикаш Русия "барои қатъи ҷанг дар Сурия масъулияти махсус доранд", - гуфтаанд роҳбарони ИМА ва Олмон. Ин ду раҳбар афзудаанд, Москва ва Димишқ масъуланд, ки оташбасро дар ин кишвар таъмин кунанд ва ба кормандони сохторҳои башардӯстонаи СММ иҷозат диҳанд, то назди сокинони шаҳрҳову деҳаҳои муҳосирашуда бираванд.

Роҳбарони ИМА ва Олмон ҳамчунин вазъи Украинаро баррасӣ кардаанд. Обама гуфтааст, ҷонибдори иҷрошавии созишномаи Минск аст.

XS
SM
MD
LG