Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон референдумро ба додгоҳ мекашанд


Намояндаи ҷомеаи мадании Қирғизистон Рита Карасартова аз додгоҳи байниноҳиявиии Бишкек хост, тарҳи қонуни таъйини референдуми тағйири конститутсияи Қирғизистон-ро бекор кунад. Дар ин бораи Кумитаи назорати шаҳрвандӣ хабар додааст.

Хонум Карасартова бар ин аст, ки кумитаи порлумони Қирғизистон ҳангоми тавсиби тарҳи референдуми тағйири қонуни асосӣ хилофи қонунгузории мавҷуда амал кардааст. Биноан даъвои додгоҳии ӯ зидди раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, низоми давлатӣ, масъалаҳои додгоҳию ҳуқуқӣ ва регламенти порлумон Асел Кодуранов равона шудааст.

Ба ақидаи Рита Карасартова, тарҳ бидуни хулосаи Палатаи конститутсионӣ, арзишёбии коршиносони марбута ва коркарди натиҷаҳои баррасии мародумӣ қабул шуда, ҳангоми раъйдиҳӣ дар ин кумита на ҳамаи талабтоти қонун муроот шудааст. Дар ин замина ӯ талаб дорад, ки додгоҳ тарҳи мазкурро ғайриқонунӣ дониста, онро бекор кунад.

Тарҳи даъвати мардум ба назарсанҷии умумихалқӣ барои тағйири конститутсияро кумита рӯзи 27 сентябри соли 2016 ба тавсиб расонд ва 29 сентябр порлумони Қирғизистон мутолиаи аввали онро дуруст шумурд. Ин санад назархоҳии умумиро ба 4 декабри соли 2016 таъйин кардааст.

XS
SM
MD
LG