Пайвандҳои дастрасӣ

Арабистони Саудӣ қонуни фароҳамкунандаи даъво ба қурбониёни 11 сентябрро маҳкум кард


Арабистони Саудӣ қонуни амрикоиро, ки ба пайвандони қурбониёни теракти 11 сентябри соли 2001 имкон медиҳад, то аз болои ҳукумати Арабистон ба додгоҳ даъво баранд, маҳкум кард.

Ар-Риёз қонуни мазкурро ба бор орандаи "нигаронии бузург" номидааст. "Фурурезии масунияти давлатҳои мустақил ба ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла ба ИМА низ таъсири манфӣ хоҳад расонид", - омадааст дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ.

28 сентябр конгресси ИМА ветои президент Барак Обамаро, ки нисбати лоиҳаи қонуни мазкур эълон карда буд, бекор сохт. Вазорати корҳои хориҷии Арабистон пештар изҳори умедворӣ карда буд, ки конгресси ИМА ба ҳар сурат ин қонунро ислоҳ хоҳад кард.

Намояндагони ҷумҳурихоҳон дар конгресс гуфтанд, қонуни нав ба шаҳрвандони хориҷӣ низ имкон медиҳад, то зидди низомиёни ИМА ба додгоҳ шикоят баранд ва ҷуброни зарар талаб кунанд. Ҷумҳурихоҳон пешниҳод карданд, ки қонуни мазкур баъди интихоботи президентӣ баррасӣ шавад.

Хешовандони тақрибан се ҳазор қурбонии теракти 11 сентбяри соли 2001 қасд доранд Арабистони Саудиро ба додгоҳ кашанд. Зеро аз 19 террористи он ҳамлаҳо 15 нафарашон шаҳрвандони Арабистони Саудӣ буданд. Ар-Риёз даст доштанашро дар он ҳамлаҳо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG