Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Провайдерҳои Қазоқистон: Интернети Қирғизистон аз Русия гарон шудааст


Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернети Қазоқистон мегӯянд, гаронии тарофаҳои интернетӣ барои Қирғизистон бо сабаби боло рафтани қимати интернет дар Русия иттифоқ афтодааст.

"Дар робита ба ин мо аз Хадамоти федеролии зиддиинҳисории Русия хостем, ки гароншавии интернетро дар Русия бисанҷад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимро фиристодем", - мегӯяд мудири Эътилофи ширкатҳои мобилиии Қазоқистон Нурбек Абасканов.

Ба гуфтаи Абасканов, 21 сентябр дар Остона миёни намояндагони хадамоти зиддиинҳисории Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқот баргузор шудааст. Ҷониби Остона ваъда додааст, ки давоми 10 рӯзи оянда ширкатҳои фароҳамкунандаи интернети Қазоқистон арзиши интернетро поин хоҳанд овард.

Охири моҳи август Эътилофи ширкатҳои мобилии Қирғизистон хабар дод, ки ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Қазоқистон ният доранд, арзиши интернетро барои Бишкек аз 1,5 то 3 маротиба гарон кунанд.

XS
SM
MD
LG