Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Русия аз манъи фаъолияти шӯрои тоторҳо ҳимоят кард


Додгоҳи олии Русия қарори додгоҳи Қрим дар бораи манъи фаъолияти шӯрои иҷроияи тоторҳои Қрим, ниҳоди худидоракуниро дар нимҷазираи ғасбшудаи Украина бетағйир гузоштааст.

Кирилл Коротеев, вакили дифоъ, ки аз ҳуқуқҳои шӯро ҳимоят мекунад, гуфтааст, аз болои қарори мазкур ба Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо дар Страсбург шикоят мебарад.

Додгоҳи олии Қрим 26 апрели соли равон, дақиқтараш баъди беш аз ду соли ғасби нимҷазира шӯрои мазкурро экстремистӣ эълон ва фаъолияташро манъ кард. Ин шӯро бо қарори ҳукумати Украина соли 1999 мақоми расмӣ гирифта буд.

Тоторҳо 12%-и аҳолии Қримро ташкил медиҳанд, ки шуморашон ба 2,5 миллион нафар мерасад. Бештари мардум баъди ғасб шудани Қрим аз сӯи Русия дар феврали соли 2014 нимҷазираро тарк кардаанд.

Ҷамъиятҳои мондаи Қрим мегӯянд, таҳти фишори ҳукуматдорони нав қарор доранд. Созмонҳои ҳуқуқи инсони байналмилалӣ ва ҳукуматҳои Ғарб Москваро дар он шадидан интиқод мекунанд, ки баъди ғасби нимҷазира бо қавми мусулмони туркзабони ин минтақа муносибати бад мекунад.

XS
SM
MD
LG