Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Қирғизистон ба пешнависи референдум овоз дод


Порлумони Қирғизистон пешнависи қонун дар бораи назарпурсии ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни Асоcиро ба баррасӣ гирифт. Баъди хониши аввали пешнавис, рӯзи 29 сентябр 94 намояндаи мардумӣ ба тарафдорӣ ва 11 нафар муқобили пешниҳод раъй доданд. Пеш аз имзои қонун аз тарафи президент Алмосбек Отамбоев ва ҳукми иҷро гирифтани он, санад бояд дар хониши дуюм ва сеюм пуштибонӣ ёбад.

Ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни асосии Қирғизистон, ки панҷ ҳизби сиёсӣ пешниҳод кардаанд, салоҳиятҳои нахуствазир ва порлумонро бештар ва роҳро барои ислоҳоти сохтори адлияи Қирғизистон бештар мекунад.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои мухолифин пешниҳодро интиқод ва Отамбоевро ба талоши дарёфти қудрати бештар муттаҳам карданд.

Қонуни асосоии Қирғизистон моҳи июни соли 2010 баъди тазоҳуроти саросарии мардум ва сарнаагун шудани ҳукумати президент Қурмонбек Боқиев тасвиб шуд. Як банди ин қонун ворид кардани тағйирот ба матнро то соли 2020 мамнуъ кардааст.

XS
SM
MD
LG