Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукми Наргис Муҳаммадиро маҳкум карданд


Ҳомиёни ҳуқуқи инсон қарори додгоҳи Эронро, ки ҳукми тӯлонии Наргис Муҳаммадӣ, фаъоли ҳуқуқи башарро бетағйир гузошт, маҳкум карданд. Тағӣ Раҳмонӣ, ҳамсари Наргис Муҳаммадӣ, ки бо ду фарзандашон дар Фаронса зиндагӣ мекунад, гуфт, ки додгоҳи тамиз рӯзи 27 сентябр қарои 16 соли зиндон алайи ҳамсари ӯро бетағйир гузошт.

Ширин Ибодӣ, дорандаи ҷойизаи Нобел ва ҳамраиси Маркази ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯяд, ягона "ҷурми"-и Наргис Муҳаммадӣ ҳомии ҳуқуқи башар буданаш дар кишварест, ки ин ҳуқуқҳоро нақз мекунад. "Наргис Муҳаммадӣ набояд як рӯз ҳам дар зиндон бошад", мегӯяд Маъракаи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Эрон ва меафзояд, "баръакс, ӯ бояд барои фаъолиятҳои башарӣ ва талош барои маҳви беадолатӣ эҳтиром шавад, ситоиш шавад".

Наргис Муҳаммадӣ, муовини раҳбари Маркази Ҳомиёни Ҳуқуқи Инсон моҳи майи соли гузашта бо иттиҳоми "таъсис ва идораи гурӯҳи ғайриқонунӣ" мои маи соли 2015 боздошт шуд ва моҳи апрели соли равон 16 сол ҳукм гирифт.

XS
SM
MD
LG