Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони “Вакилон дар ҳимояти вакилон” аз боздошти вакили дифои тоҷик изҳори нигаронӣ кардааст. Як созмони ҳолландии мудофеи ҳуқуқи вакилони дифоъ бо пахши изҳороте аз боздошти вакили дифоъ Ҷамшед Ёров изҳори нигаронӣ кардааст. Созмони “Вакилон дар ҳимояти вакилон” (Lawyers for Lawyers ё L4L) бо пахши изҳороте менависад, дар номае ба унвонии ҳукумати Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки боздошти Ҷ.Ёров ба фаъолиятҳои касбии ӯ иртибот дорад.

Ҷамшед Ёров аз ҳуқуқи муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳаммадалии Ҳаит ҳимоят мекард, ки рӯзи 2 июн ба ҳукми абади зиндон маҳкум шуд. L4L менависад, ки рӯзи 22 август Ҷамшед Ёров бо гумони фош кардани сирри давлатӣ боздошт шуд. Ин созмон менависад, ки аз рӯи иттилои онҳо, “аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон баъди содир ва ба иҷро даромадани ҳукми судӣ дигар махфӣ ҳисоб намешаванд”.

Ҷамшед Ёров бо иттиҳоми фош кардани 90 саҳифа ҳукми додгоҳи олӣ дар нисбати аъзои раёсати ҲНИТ боздошт шудааст. L4L мегӯяд, қазияи Ҷамшед Ёров ягона нест ва ӯ сеюм вакили дифоест, ки ба ҳангоми ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои ҲНИТ боздошт шуд. Сентябр ва октябри соли 2015 Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов боздошт шуданд. Дар ҳоле, ки додгоҳи Душанбе ин ду вакили дифоъро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ муҳокима мекунад, худи онҳо ин иттиҳомро рад карда қазияи худро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ мекунанд. Дар нишасти ахири Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева моҳи сентябр намояндаи ИМА дар ин ниҳод аз Тоҷикистон хост, ки вакилони дифоъ озод шаванд.

XS
SM
MD
LG