Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб аз тазоҳуроти ҷавонон


Валамат Иброҳимзода, ҳамсари як узви зиндонии ҲНИТ мегӯяд, субҳи 29 сентябр ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аризаи шикоятии худро аз ҳамлаи гурӯҳи ҷавонон ба манзилаш бо тухму себ таслим кардааст. Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб рӯзи 29 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Раёсати корҳои дохилии пойтахт аризаи уро қабул намуда ваъда додаанд, ки ҳодисаи таҷаммӯъ ва эътирози гурӯҳи ҷавонон дар назди манзили зисташро таҳқиқ хоҳанд кард.

Вай гуфт, аризаашро як ходими раёсат оид ба кофтукоби ҷиноӣ қабул намуд ва гуфт, ки дар фурсати наздик бо шоҳидон ва бо ҳамсояҳо суҳбат хоҳад кард. Вай мегӯяд, дар аризаи худ навиштааст, ки гурӯҳи ҷавонон рӯзи 27 сентябр тахминан соатҳои 16:30 рӯз дар пушти дарвозаи хонаи ӯ ҷамъ омада ба дару девори хонааш себу тухм андохтанд. Вай навиштааст, ки дар дасти ин ҷавонҳо шиору навиштаҳое мисли “марг бар терроризм” буд. Ӯ инчунин дар бораи аз ҷониби гурӯҳи ҷавонҳо ба сӯи худаш андохта шудани тухму себро ҳам навиштааст ва ҳоло умедвор аст, ки ин қазия мунсифона таҳқиқ мешавад.

Ҳодисаи қабули аризаи хонум Иброҳимзодаро дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе тасдиқ ва ё рад накарданд. Қаблан сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки бар асоси хабару гузоришҳои расонаҳо оид ба таҷаммӯи гурӯҳи ҷавонон дар назди манзили Раҳматуллои Раҷаб санҷишро оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG