Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марде, ки дар Лас Вегас кушта шуд, аскари собиқи Гурҷистон буд


Марде, ки дар ҷараёни тирпарронии ахири ҳафта дар қаҳвахонаи Страбакси Лас Вегас кушта шуд, аскари собиқи Гурҷистон буд, ки баъдан шаҳрванди Амрико шудааст. Александр Хуцишвили баъди ҷудо шудани Гурҷистон аз Шӯравӣ ба артиш даъват шуд ва ба гуфтаи дӯсташ Давид Стромберг дар гурӯҳи муҳофизати президенти он замон Эдуард Шеварднадзе хизмат мекард. Пулис мегӯяд, Хуцишвилии 41 сола, ки дӯстонаш аз ӯ "Саша" ном мебурданд баъди ҷанҷол бо як марди мусаллаҳ, ки корди бонкиаш барои пардохти қаҳва қабул нашуд, ҳадафи тир қарор гирифт. Хуцишвили силоҳ надошт. Пулис он марди мусаллаҳро ки Петро Гарсиа муаррифӣ шудааст, ба куштор муттаҳам кард.

Хуцишвили ду издивоҷро паси сар кард ва се фарзанд дошт. Ӯ соли 2004 шаҳрванди Амрико шуд ва дар он кишвар умдатан корҳоеро мисли устои қубури об, мошиншӯӣ ва сохтмон анҷом медод.

"Ӯ марди низомӣ буд ва наметавонист дахолат накунад"- гуфт Стромберг ва афзуд, "ӯ аз он нафароне набуд, ки аз ҷанҷол канор биравад, ҳатто аз ҷанҷоли атрофиён."

XS
SM
MD
LG