Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлил аз Рӯзи дипломатҳо дар Тоҷикистон


Акс аз соли 2013

Акс аз соли 2013

Имрӯз, панҷшанбеи 29 сентябр “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” ё рӯзи дипломатҳои тоҷик бо ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Точикистон таҷлил карда шуд. Дар маросими таҷлили Рӯзи дипломатҳои тоҷик ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард.

Президенти Тоҷикистон нақши сиёсати хориҷии кишварро дар раванди таърихии ташаккул ва рушди кишвар ба ҳайси давлати соҳибихтиёру мустақил муҳим арзёбӣ кард. 29 сентябр ба унвони “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” дар Тоҷикистон аз ҷониби порлумони кишвар қабул гардидааст.

Аммо 29 сентябр ба нахустин суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз минбари Созмони Миллали Мутаҳҳид рост омадааст. Ҳамакнун дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бештар аз 300 нафар кор мекунад. Дар оғози фаъолияти ин вазорат ҳамагӣ 11 нафар кор мекард.

XS
SM
MD
LG