Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ОПЕК аз моҳи ноябр истихроҷи нафтро коҳиш медиҳад


Дар пайи тасмими Созмони кишварҳои узви ОПЕК барои коҳиши истихроҷи нафт нархи хоми он дар бозори ҷаҳон боло рафтааст.

Аъзои ОПЕК зимни мулоқоти ғайрирасмиии рӯзи чаҳоршанбе, ки дар Алҷазоир баргузор шуд, созиш карданд, то сар аз ноябри соли равон ҳаҷми истихроҷи нафтро тақрибан то ба 700 ҳазор баррел дар як рӯз коҳиш диҳанд.

Намояндагони созмон иттилоъ доданд, ки картели нафтӣ ҳаҷми истихроҷро барои ҳар як кишвар дар нишасти 30 октябри Вена мувофиқа хоҳад кард. ОПЕК нақша дорад, барои беҳбуди вазъи бозори ҷаҳонӣ дастгирии кишварҳои истихроҷкунандаи дигарро низ ба даст орад.

Миёнаҳои соли 2014 нархи нафти хом ду баробар поин рафта буд. Аммо дар пайи эълони созиши кишварҳои узви ОПЕК нархи он дубора беш аз 5% афзоиш ёфт. Қаблан вазири энергетикаи Алҷазоир гуфта буд, ки зарурати ҳалли мушкили истихроҷи беш аз ҳадди нафт ва сармоягузорӣ барои ба эътидол овардани вазъи бозор пеш омадааст.

Картел, ки ба ҳайати он 14 кишвар шомил аст, 40%-и содироти нафтро назорат мекунад. Вале истихроҷкунандаҳои калидӣ, аз ҷумла Русия узви он нестанд. Яке аз омилҳои поинравии нарх дар бозори ҷаҳонӣ "инқилоби варақасанг" дар ИМА - истихроҷи нафт аз варақасанг гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG