Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 32 ҳазор нафар барои табаддулоти нофарҷом


Боқир Боздоғ, вазири адлияи Туркия

Боқир Боздоғ, вазири адлияи Туркия

Мақомоти Туркия гуфтанд, ки 32 ҳазор нафар ба гумони ҳамкорӣ ё пайвандашон бо ҷунбиши "Хизмат"-и Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрико, боздошт шудаанд. Анқара Гуленро ба кӯшиши табаддулоти давлатии 15 июли соли равон дар ин кишвар муттаҳам медонад. Боқир Боздоғ, вазири адлияи Туркия, 28 сентябр тавассути телевизионҳои ин кишвар гуфт, дар маҷмуъ, алайҳи 70 ҳазор нафар парванда боз шуда буд ва 32 ҳазори онҳо бо дастури додгоҳ дастгир шудаанд. "Ин ҷараён ҳанӯз ба поён нарасидааст", - афзуд Боздоғ. Қаблан мақомоти Туркия гуфта буданд, ки ба дунболи кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар наздики даҳ ҳазор нафар боздошт шуда, ҳазорҳо тани дигар аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Аз ҷумла, ҳудуди 90 корманди хадамоти миллии иктишофии Туркия ба гумони ҳамдастӣ бо Фатҳуллоҳ Гулен аз кор озод шуда, зидди 52 тани онҳо парванда боз гардидааст. Аммо Фатҳуллоҳ Гулен ва тарафдоронаш даст доштани худро дар кӯшиши табаддулоти моҳи июл дар Туркия рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG