Пайвандҳои дастрасӣ

Вашингтон зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад


Вашингтон мегӯяд, рафтори Москва дар Сурия боис шудааст, ки ИМА зидди Русия эҳтимол таҳримҳои нав эълон кунад. Дар ин бора намояндаи расмии Кохи сафед Ҷош Эрнест хабар медиҳад. "Таҳримҳои молиӣ, ки дар якҷоягӣ бо шариконамон рӯи даст гирифта шудаанд, собит карданд, ки манофеи моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба хубӣ бароварда мекунанд. Аз ин рӯ мо таҳримҳои навро аз эҳтимол дур намедонем", - гуфтааст намояндаи Кохи Сафед.

Пештар аз ин фиристодаи махсуси СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура гуфт, дар ҷангҳои Ҳалаб бомбаҳои бушкаӣ, аслиҳаи сӯзанда ва дигар навъи бомбаҳо истифода шудаанд.

Ба гуфтаи Мистура, давоми ҷанги шашсолаи Сурия ҳафтаи гузашта яке аз ҳафтаҳои хунинтарин будааст. Вай аз Русияву ИМА даъват кардааст, ки созишномаи муштаракашонро ҳифз карда, оташбасро барқарор намоянд.

XS
SM
MD
LG