Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҷангҳои шадид дар шарқи Ҳалаб


Бино ба гузоришҳо дар шарқи шаҳри Ҳалаб дар Сурия ҷангҳои шадид идома доранд. Дар яке аз маҳаллаҳои бузурги шаҳр нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояти шариконашон кӯшиш доштаанд, шӯришиёнро, ки ба зидди ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад меҷанганд, аз инҷо берун кунанд. Расонаҳои давлатии Сурия навиштаанд, ки ба сарбозони давлат муяссар шуд, чанд кӯчаро ишғол кунанд. Аз ин пештар Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия гуфт, ки дар як ҳафтаи бомборони шаҳри Ҳалаб аз тарафи нерӯҳои Сурия ва Русия 237 нафар аз ҷумла 38 кӯдак кушта шуданд. Ҳукумати Сурия рӯзи 22-уми сентябр аз шурӯи амалиёти нав дар Ҳалаб, яке аз такягоҳҳои асосии ошӯбгарон хабар дод. Созиши оташбасе, ки бо миёнҷигарии Амрикову Русия ҳосил шуд ва рӯзи 19-уми сентябр ҳукми иҷро гирифт, баъди бомборони як корвони мошинҳои кӯмакҳои башарӣ аз ҳам пошид. Амрико гуфт, бомборон кори дасти Русия буд, Маскав ин иддаоро рад кард.

XS
SM
MD
LG