Пайвандҳои дастрасӣ

Барои хабарнигори қазоқ 6 соли зиндон хостанд


Cаидқозӣ Матаев, сухангӯи раиси ҷумҳур ва нахуствазири Қазоқистон ҳам будааст.

Cаидқозӣ Матаев, сухангӯи раиси ҷумҳур ва нахуствазири Қазоқистон ҳам будааст.

Додситонии Қазоқистон аз додгоҳ хост, Саидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи хабарнигоронро ба 6 солу 8 моҳи зиндон маҳкум кунад. Барои фарзанди ӯ Асит Матаев, мудири хабаргузории КазТаг-ро 6 соли зиндон ва мусодираи молу мулк талаб кардаанд. Саидқозӣ Матаев моҳи феврали имсол бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти молиёт боздошт шуд. Писарашро бо иттиҳоми тақаллуби молӣ моҳи март ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Муҳокимаи ҳарду рӯзи 23-уми август шурӯъ шуд. Падару писар иттиҳомотро рад мекунанд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, парванда ба зидди Саидқозӣ Матаевро барои фаъолиятҳояш дар Иттифоқи хабарнигорони Қазоқистон боз шудааст. Хабарнигори 63-солаи қазоқ аз соли 1991 то соли 1993 сухангӯи раиси ҷумҳур ва солҳои 1993 то соли 1994 сухангӯи нахуствазири Қазоқистон будааст.

XS
SM
MD
LG