Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод орзуи бозгаштро канор гузошт


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон, аз барномаи иштирок дар интихоботи президентии соли 2017 даст кашид. Ин эълон як рӯз баъди он пахш шуд, ки раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба ӯ гуфт, вориди сабқат нашавад. Аҳмадинажод изҳороти худро дар як нома ба Хоманаӣ ирсол доштааст, ки баъдан матбуоти Эрон онро нашр кард.

Аҳмадинажод тавсияи Хоманаиро дар ин нома тасдиқ карда ва навиштааст, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ин тавсияро бо назардошти манофеи кишвар ба ӯ додааст. Маҳмуди Аҳмадинажоди муҳофизакор бори аввал дар соли 2005 ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст ва соли 2009 дар як интихоботи баҳсбарангез дубора ба ин мақом интихоб шуд.

Вай моҳҳои гузашта бо суханрониҳои баланди худ овоазҳоро ба миён овард, ки шояд ӯ дар интихоботи ояндаи президентӣ иштирок кунад. Ҳарфи охир дар тамоми масоили давлатӣ дар Эрон, ҳарфи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аст.

XS
SM
MD
LG