Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуот: Клинтон дар мунозира беҳтар аз Трамп буд


Матбуот, таҳлилгарон ва шореҳон дар Амрико аз нахустин баҳси телевизионии ду номзад ба мақоми президенти ин кишвар - Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп - натиҷагирӣ мекунанд. Мунозира дар Ню-Йорк шаби 26 сентябр баргузор шуд ва ҳар як номзад худро дар ин мунозира муваффақтар аз дигарӣ медонад. Пурсиши афкори умум, ки шабакаи телевизионии CNN анҷом додааст, бартарии Клинтонро дар ин баҳс нишон медиҳад. 62 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки Ҳилларӣ Клинтон дар ин мунозира бар рақибаш дастболо шуд.

Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттери худ натиҷаҳои дигари пурсиши афкори умумро нашр кардааст, ки табъан ӯро дар ин мунозира пирӯз эълон кардаанд. Дар ин мунозира масоили зиёд, аз ҷумла сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавриди баҳс буд. Ҳилларӣ Клинтон, аз ҷумла масъулияти ҳуҷумҳои кибернетикӣ ба сомонаҳои амрикоиро бар дӯши Русия гузошт ва онро дахолат ба умури интихоботи Амрико арзёбӣ кард.

Номзади Ҳизби демократ аз "чоплусиҳо"-и Доналд Трамп ба Путин ва танқиди ӯ аз НАТО ёдовар шуд. Трамп гуфт, далели мустаҳками даст доштани Русия дар ҳуҷумҳои "хакерӣ" вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, "ин ҳуҷумро метавонад, Чин, Эрон ё ягон кишвари дигар анҷом дода бошад."

Масъалаи иқтисодӣ, бо шумули синфи миёна, ва созиш дар бораи тиҷорати озод, ҳамчунин, мушкилоти равобити нажодӣ дар Амрико, дар сархати мавзӯъҳои мунозира қарор дошт. То интихобот, Клинтон ва Трамп боз ду дафъа вориди мунозира мешаванд. Интихоботи Амрико ба 8 ноябр барномарезӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG