Пайвандҳои дастрасӣ

Ноиби имоми маҳаллӣ дар минтақаи Ставрополи Қафқози Шимолӣ аз ҷониби афроди ношинос бо зарби тир кушта шуд. Муфтии аъзами минтақаи Ставропол Муҳаммад Раҳимов гуфт, ноиби имоми деҳкадаи Қара-Тиюб Равил Кайибалиевро рӯзи 26 сентябр нафарони номаълум куштаанд. Моҳи августи соли 2015 афроди ношинос ноиби пешини имоми масҷид Замирбек Маҳмудовро низ ҳадафи тир қарор доданд. Кайибалиев ҳафтумин имом аст, ки аз соли 2012 дар Ставрополи Қафқози Шимолӣ кушта шудааст.

Имомҳоро Идораи мусалмонҳои Русия, як созмони сабтиномшуда, таъин мекунад, ки маъмулан тарафдори сиёсатҳои ҳукумат ва таблиғгари исломи муътадил аст. Онҳо бештари вақт мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои тундгарои исломӣ қарор мегиранд, ки барномаи ҷудо шудан аз Русия ва бунёди давлати исломиро пайгирӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG